Мавқеъҳои муштараки ду кишвар

Декабрь 14, 2012 15:11

Душанбе, 14 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Парлумонҳои кишварҳои мо ҳанўз ҳам аз имконот ва шароити мусоиди мавҷуда барои тақвияти равобити ҳасана дар бахшҳои гуногун ба таври фаъол истифода накардаанд», гуфт зимни мулоқоташ Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо сафири фавқулодда ва мухтори Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк.   Мусоҳибон дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, густариши муносибот дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, кишоварзӣ, энергетика, саноат, сохтмон, варзиш,туризм, башардўстона ва фарҳанг табодули назар намуданд. Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки парлумони Тоҷикистон хостори тақвияти муносиботи худ бо парлумони Украина аст. Зикр шуд, ки байни Маҷлиси намояндагон ва Радаи Олии Украина аз соли 2011 гуруҳи дўстӣ ва ҳамкорӣ фаъолият мекунад, ки он ба таҳкими равобити гуногунсоҳаи ҳар ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад. Мавсуф таъкид сохт, ки муносиботи дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Украина дар асоси Созишномаи байнидавлатӣ — Шартномаи дўстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар, ки 6 июли соли 2001 ба имзо расидааст, ба роҳ монда шудааст. Асоси принсипҳои равобити ду кишварро эътимод ва ҳусни тафоҳуми дуҷониба дар баррасӣ ва ҳалли масоили муҳим дар бар мегирад. Дар масоили калидии сиёсати байналмилалӣ ва амниятӣ Тоҷикистон ва Украина мавқеи муштарак дошта, иштироки ду кишвар дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ онҳоро ба ҳам наздик месозад. Алҳол миёни Тоҷикистон ва Украина 80 санади муҳим ба имзо расидааст, ки ин санадҳо доираи васеи ҳамкориҳои дуҷонибаро фарогиранд.

Декабрь 14, 2012 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст