Муборизаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муқобили маводи мухаддир

Декабрь 10, 2012 16:12

Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дирӯз бо ибтикори шуъбаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Кӯлоб  доир ба нашъаҷаллобиву нашъамандӣ вохӯрӣ   баргузор гардид.
Тавре, ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, иштирокчиён дар бораи вазъи мухаддиротӣ дар кишвар, муборизаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба муқобили муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ дар вилоят ва минтақаи Кӯлоб, вазъи гирифторони бемориҳои сироятшаванда, ки аксари онҳо истеъмолкунандагони тазриқии маводи нашъаовар мебошанд, суханронӣ намуданд.
Инчунин зикр гардид, ки ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон як ноҳияи марзӣ буда, масири интиқоли ғайриқонунии мухаддироти тавлиди Афғонистон аз он убур мекунад ва эҳтимолияти ҷалби шумораи бештари сокинони он ба нашъаҷаллобӣ ва ё интиқоли он зиёд аст. Тибқи омори расмӣ соли 2011 дар қиёс ба соли 2010 дар вилояти Хатлон маводи мухаддири мусодирашуда 49,2% афзудааст. Ҳамзамон бо ин дар қаламрави чор ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистон – Ҳамадонӣ, Шӯрообод, Фархор ва Панҷ, ки аз тариқи онҳо хатсайри асосии қочоқи маводи мухаддир мегузарад, 73,7% аз миқдори умумии мухаддироти дар вилоят гирифташуда, мусодира гардидааст.

Декабрь 10, 2012 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст