Муштариёни барқ чӣ шикоят доранд?
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар ҷаласаи видеотелефонии ШСХК «Барқи Тоҷик» раиси ин ширкат Абдулло Ёров кори даҳрӯзаи гуруҳи оҷили навбатдорӣ ва телефони боварии ширкатро чамбаст намуд. Қайд шуд, ки дар муддати аз 29 ноябр то 10 октябр ба ин телефонҳо, ки дар қабулгоҳ насб шудаанд, 548 занги телефонӣ ворид гардиданд. Аз онҳо 248 занги телефонӣ аз риоя нашудани реҷа ва дар 266 занги телефонӣ аз рӯӣ додани садамаҳо ва сербории трансфарматорҳо ва дар боқимонда аз ҳодисаҳои истифодаи ғайриқонунии барқ, аз ҷумла ба хатҳои тоза пайваст намудани ашхоси алоҳида шикоят мешуданд. Дар мавриди аксарияти шикоятҳо сари вақт тадбирҳо амалӣ гардиданд. Бобати бо хатҳои тоза пайваст намудани шахсони алоҳида нисбат ба роҳбарони шабакаҳои барқии ба ин амал дастдошта чораҳои маъмурӣ андешида шуд. Дар Ширкат комиссияи босалоҳият созмон дода шудааст, ки ҳар даҳрӯза шикоятҳои дар занги телефонии муштариён иброзшударо мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор медиҳад. Дар охири ҷаласаи видеотелефонӣ раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» ба роҳбарони зерсохторҳо супориши дод, ки набояд аз ҳисоби меъёри ҷудошудаи ҷадвали маҳдудият барқро сарфа намоянд. Аҳолии кишвар бояд аз рӯи меъёри ҷудошуда пурра барқ гирад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






