Мусобиқаи байналмилалии гӯштини тарзи самбо

Декабрь 18, 2012 17:40

Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби гӯштини тарзи самбо, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарони ҷавон ва муайян намудани варзишгарони беҳтарин 22-23 декабри соли равон дар Маҷмааи варзишии (Хадамоти алоқа)-и шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии гӯштини тарзи самборо барои дарёфти Ҷоизаи С.Раҳимов доир менамояд.   Дар мусобиқа ширкати дастаҳои шаҳри Душанбе (ду даста), вилояти Хатлон (ду даста), вилояти Суғд(ду даста), Бадахшон(ду даста), ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ду даста) аз рӯи вазнҳои 52 кг., 57 кг., 62 кг., 68 кг., 74 кг., 82 кг. 90 кг., 100 кг. ва аз 100 кг боло дар назар аст. Ғолибон ва ҷоизадороне, ки дар ҷамъбасти мусобиқа ҷойҳои аввал, дуюму сеюмро соҳиб мегарданд, бо медалу дипломи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои Кумита қадрдонӣ мешаванд.

Декабрь 18, 2012 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст