Мусобиқоти варзишии маъюбон
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова ). – Имрӯз, 3 декабр, дар мактаби миёнаи №3 – и шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи байналмилалии маъюбон мусобиқоти варзишӣ аз рӯи баскетбол ва тенниси рӯимизӣ баргузор мешавад. Дар ин бора корманди лоиҳаи омодагӣ ба Рӯзи байналмилалии маъюбон дар Тоҷикистон Наргис Ҷамолиддинова ба АМИТ «Ховар» хабар дод.Мувофиқи суханони манбаъ, ин чорабиниро Созмони ҷамъиятии «Спетсиал Олимпик» роҳандозӣ мекунад.«Мо мансабдорони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро даъват менамоем, ки ба зисту зиндагӣ ва масоили маъюбон бештар диққат дода, барои таҳсилу меҳнат ва ҳаёти хушу хуррами онҳо шароити мусоид фароҳам оранд», — гуфт Наргис Ҷамолиддинова








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






