Мусодираи маводи нашъаовар
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ҷараёни ду амалиёти махсус дар вилояти Хатлон ва ВМКБ қариб 18 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд.Тавре ки Маркази равобити ҷамъияти Кумитаи амнияти давлатӣ хабар медиҳад, дар ноҳияи Ҳамадонии ҳамсарҳади Афғонистон 17 килограмму 500 грамм маводи гуногуни нашъаовар пайдо ва мусодира гардид. Дар ин ҷо ду сокини маҳаллӣ — Сӯҳроб Воҳидови 32 – сола ва Ҷаҳонгир Абдуназарови 24 – сола бо гумонбари қочоқи маводи нашъаовар дастгир шуданд.Дар ҷараёни амалиёти дуюм дар ВМКБ кормандони раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Бадахшон се ҷавонмард – Ҷамшед Муборакшоеви 20 — сола ва ду нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ – Акобиршо Карамшоев ва Расул Сангмамадовро, ки як миқдор ҳашишро ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид карданӣ буданд, дастгир намуданд.Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






