Мутахассисони фурудгоҳ омода мешаванд

Декабрь 4, 2012 12:20

Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар доираи такмили фаъолияти фурудгоҳи Душанбе дар бахши хизматрасонӣ ба мусофирон, қарор шудааст, ки низоми нави автоматии бақайдгирӣ ва таъминоти барномавиро комилан нав карда, ихтисоси кормандони фурудгоҳ такмил дода ва ҳамкориҳои бевосита бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ вусъат дода шаванд. Дар ин робита «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар толорҳои хизматрасонии худ платформаи КЮТ УЛТРА ДИ СИ ЕС (CUTE ULTRA DCS)–ро насб кард. Платформаи мазкур ва нуқтаҳои нави бақайдгирии муҷаҳҳаз бо техникаи муосир ва пешқадам ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоие, ки бо фурудгоҳи Душанбе хамкорӣ доранд, имконият медихад, ки мусофирони худро аз тариқи низоми автоматии хеш ба қайд гиранд.Барои идораи системаи нави бақайдгирӣ, ки ҳамакнун насбсозии он ба анҷом расидааст, мутахассисоне заруранд, ки тамоми дастгоҳҳоро идора намуда тавонанд. Бо мақсади омода намудани мутахассисон аз ширкати «Рапискан» муҳандиси коршинос Бену Бинепал даъват шуд ва раванди омўзиш шурўъ гардидааст. Алъон панҷ нафар кормандони Хадамоти истифодаи таъминоти радиотехникии алоқа бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» иттилоъ доданд.

Декабрь 4, 2012 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст