Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон дар Хадамоти муҳоҷират

Декабрь 18, 2012 15:56

Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Имрӯз тибқи Нақшаи чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ботантана доир гардид. Дар чорабинӣ сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи ХМ Абдуллоҳи Қодирӣ дар бораи таҷлили ин сана ва гиромидошти Рӯзи байнамилалии муҳоҷирон, аҳамияти ин рӯз дар ҷаҳони муосир ва самтҳои фаъолияти ХМ дар тӯли якуним сол, ваколатҳои ХМ ва нақшаи чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират суҳбат намуд. Ў қайд намуд, ки мувофиқи санҷиши гузаронидаи коршиносон, ҳар нафари сиву панҷуми курраи замин муҳоҷир буда, дур аз ватани хеш кору фаъолият дорад. Ҳамасола дар ин рӯз ҷомеаи байналмилалӣ аз давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал меорад, ки таваҷҷуҳи хоссаро ба шумораи зиёди муҳоҷирон, ки дур аз манзиланд ва ба кӯмаку дастгирӣ эҳтиёҷ доранд, равона созанд. Инчунин қайд намуд, ки Хадамоти муҳоҷират бахшида ба ин рӯз як қатор вохӯриҳо бо коршиносони соҳаи муҳоҷират, мусоҳиба бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар фурудгоҳ ва вокзали Роҳи оҳани шаҳри Душанбе ва таҳияи мақолаи мукаммал оид ба баргузории Рӯзи байналмилалии муҳоҷир, конфронс бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир, ки дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мегузарад, баргузор намояд.

Декабрь 18, 2012 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст