Сӯҳбати Ш.Саид бо В.Никитюк
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Рӯзи шанбеи гузашта раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо Сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк сӯҳбат намуд. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо имконияти ҳамкорӣ ва рушди муносибатҳои тиҷоратии ҳар ду кишварро мапвриди муҳокима қарор доданд. Сафири Украина хабар дод, ки моҳи марти соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина баргузор мегардад, ки ба он намояндагони аҳли тиҷорат даъват шудаанд. Ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҳамкории байни палатаҳо, ташкили утоқҳои тиҷоратӣ, доир намудани намоишгоҳҳо ва масъалаҳои дигарро муҳокима намуданд. Шариф Саид пешниҳод намуд, ки тобистони соли 2013 намоишгоҳи Украина дар Тоҷикистон доир карда шавад. Виктор Никитюк зикр намуд, ки ин пешниҳод дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ мавриди муҳокима қарор мегирад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






