Сӯхтор дар тарабхонаи «Шаббода»
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Пас аз зуҳри 10 декабр дар тарабхонаи «Шаббода», воқеъ дар кӯчаи Ҳаёти нави пойтахт сӯхтор ба амал омад. Пас аз расидани ин хабар ба Маркази алоқаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва расидани ду адад нақлиёти сӯхторнишонӣ ба ҷойи ҳодиса маълум гардид, ки сӯхтор дар масоҳати 390 метри мурабба, як қисми биноро фаро гирифта, хавфи паҳн гардидани он ба тамоми бино таҳдид мешуд.Сомонаи расмии ВКД иттилоъ медиҳад, ки ба ҷойи ҳодиса 7 адад нақлиёти оташнишонӣ, се адад нақлиёти обкашонӣ ва 80 нафар корманди оташнишонӣ сафарбар шуда, дар соати 15:55 дақиқа сӯхтор иҳота гардид ва дар соати 16:30 дақиқа он комилан хомӯш карда шуд. Дар натиҷа 670 метри мураббаи боқимондаи бино аз сӯхтор наҷот дода шуд.Таҳқиқи ҳодиса аз ҷониби мутахассисон идома дошта, сабаб ва зарари сӯхтор муайян карда мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






