Таъсиси Комиссияи Суғду Ботканд оид ба муносибатҳои иқтисодӣ ва савдо

Декабрь 21, 2012 17:46

Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи аввалини Комиссияи дуҷонибаи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои иқтисодӣ ва савдо баргузор гашт. Комиссияи мазкур бо мақсади рушди савдои наздисарҳадии ду кишвари ҳамсоя созмон дода шудааст. Дар ҷаласа намояндагони бахши иқтисодии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо роҳбарии муовини раиси вилоят Ҷамшед Норинов ва намояндагони роҳбарияти ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Ботканд бо роҳбарии муовини ваколатдори ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар ин вилоят Саидҷон Эратов иштирок намуданд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Ҷ. Норинов оид ба дастовардҳои иқтисодии вилоят дар соли равон маълумот дода, гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фароҳам овардани фазои хуби инвеститсионӣ, додани имтиёзҳо аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ ба соҳибкорон дар ду соли охир зиёда аз 170 корхонаи истеҳсолиро дар вилоят таъсис дода, суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти истеҳсоли дохилиро 7-8% таъмин намуда, ба рушди мунтазами иқтисодиёти вилоят мусоидат кард. Дар натиҷаи кӯшишҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат бори дигар рушди бемайлони иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро собит месозад. Саидҷон Эратов аз дӯстии қадимаи халқҳои қирғизу тоҷик ёдовар шуда, ташкили Комиссияи дуҷонибаи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои иқтисодӣ ва савдоро талаботи имрӯзаи замони муосир шуморид ва ба кори минбаъдаи комиссия комёбӣ таманно намуд.Дар кори комиссия ташкили бозорҳои наздисарҳадӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ ҳангоми убури марз, сабук кардани ҳуҷҷатгузориҳо барои тақвияти савдои наздимарзӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, омӯзонидани соҳибкорони хурду миёна мавриди муҳокима қарор гирифт.Ҳамчунин дар ҷаласа аз таъсиси нашрияи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон «Дӯстӣ-Достук-Дружба», ки аз дастовардҳои ду вилояти ҳамсоя мавод чоп менамояд, иттилоъ доданд.

Декабрь 21, 2012 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст