Телефони боварии БМТ барои ислоҳи камбудӣ дар POS-терминалҳо
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Вазъи феълии фаъолияти банкоматҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, макони ҷойгиршавӣ ва бо пули нақд таъмин кардани онҳо, мушкилоте, ки дар ин бахши хизматрасонии бонкӣ мавҷуданд ва паҳлуҳои дигари масъалаи номбурда 10 декабр зимни машварате дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ташкилотҳои қарзии мамлакат мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Дар оғози ҷаласа раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов изҳор намуд, ки тибқи маълумоти омодашуда то 1 ноябри соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 416 банкомат мавҷуд аст. Бо мақсади муайян намудани дараҷаи фаъолияти банкоматҳо тайи ду рӯз комиссияи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ санҷиш гузаронда, маълум кард, ки аз 200 банкомати санҷидашуда 54 -тои он бо сабабҳои техникӣ, надоштани пул ва ғайра фаъол нестанд. Ҳамчунин маълум гардид, ки вазъи ташвишовар бештар дар шаҳри Душанбе ба назар мерасад. Дар робита ба ин, ба бонкҳо тавсия дода шуд, ки дар рӯзҳои баланд будани талабот ба пули нақд – рӯзҳои додани маош, стипендия, нафақа ва дигар намуди пардохтҳо нуқтаҳои иловагии пешниҳоди пули нақд, ки бо PОS-терминалҳо ҷиҳозонида шудаанд, ташкил шаванд, инчунин ба коршоямии шабонарӯзии банкоматҳо диққати ҷиддӣ дода шавад. Дар баробари ин, дар марказҳои савдо ва бозорҳо ҷойгир намудани POS-терминалҳо барои ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои пластикӣ мувофиқи матлаб аст. Аз хадамоти матбуоти БМТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилоти фаъолияти банкоматҳо ва дигар масъалаҳои истифодаи кортҳои пластикӣ рӯзҳои наздик Бонки миллии Тоҷикистон хадамоти телефони бовариро ба роҳ мемонад ва ҳар муштарӣ метавонад аз камбудию нуқсонҳои ҷойдошта бонкро огоҳ намояд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






