Тоҷикистон ба СУС ворид шуд

Декабрь 13, 2012 12:19

Маскав, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус, намояндаи доимии ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти барномавӣ ва мақомоти дигари ИДМ Қ.Қоимдодов дар ҷараёни ҷаласаи намояндагиҳои доимии давлатҳои аъзои Иттиҳод ба иштирокдорони ҷаласа хабар дод, ки 12 декабр Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо шомил гардид. Дар ҷаласа раиси Кумитаи иҷроия – Муншии иҷроияи ИДМ С. Лебедев, муовини аввали ӯ В. Гаркун , намояндагони доимии давлатҳои аъзои Иттиҳод ва васоити ахбори оммаи кишварҳои аъзои Иттиҳод иштирок доштанд. Сафир зимни суханрониаш аз раванди воридшавӣ мухтасар маълумот дода, зикр намуд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон воридшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдоро воқеаи муҳими таърихи навини Тоҷикистон маънидод кард, ки он таҳкурсии мустаҳками рушди минбаъдаи устувори иҷтимоию иқтисодиро мегузорад.Сафир ҳамзамон зикр намуд, ки яке аз шартҳои узвият ба ин созмони иқтисодӣ мавҷудияти сарҳади умумӣ бо давлати узви иттиҳоди гумрукӣ мебошад.Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ба мухбири махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия хабар доданд.

Декабрь 13, 2012 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст