Вусъати муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоии Чин ва Тоҷикистон

Декабрь 4, 2012 12:25

Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Душанбе вохӯрии раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун баргузор гардид. Тавре ки дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии бонки мазкур иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории судманди марбут ба соҳаи бонкдорӣ ва вусъати муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Дар вохӯрӣ сафир аз ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои мухталиф, аз қабили бонкдорӣ, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва самараи корҳои ба анҷомрасидаву созишномаҳои ба имзорасидаи ин ду давлати дӯсту ҳамсоя изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамчунин Гулнора Ҳасанова дар масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба бо Бонки Рушди Чин, имзои созишномаҳои гуногуни байнибонкӣ миёни Тоҷикистону Чин ва такмили дониши мутахассисони бонк дар ин давлати ҳамсоя, иштирок дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шонгҳой изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар давоми суҳбат директори иттиҳодияи истеҳсолии «Тсзинян Инхай» Ли Чао перомуни масъалаи ҳамкорӣ бо «Амонатбонк» барои сохтмони корхонаи калони истеҳсоли намудҳои гуногуни тухмӣ барои зироатпарварӣ ва рушди ин соҳа андешаҳои худро баён намуда ва иброз дошт, ки ҳадафи таҳкими равобити Тоҷикистону Чин барои имрӯзу фардои ин кишварҳои дӯсту ҳамсоя ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф аст.

Декабрь 4, 2012 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст