1 млрд. 200 млн. сомонӣ барои корҳои барқарорсозии Роғун

Январь 25, 2013 15:41

Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Барои корҳои барқарорсозӣ дар НОБ «Роғун» дар соли 2013 аз буҷа 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд, аммо бо мувофиқа бо Бонки ҷаҳонӣ ин ба 946 миллион сомонӣ поён бурда шуд»,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов.  Вазири молия афзуд, ки мувофиқи нақшае, ки мо дорем, корҳо рафта истодаанд ва дар доираи ҳамин маблағгузорӣ низ таъмин шуда истодааст. Ин назорат аз ҷониби вазорати мо қариб ҳар рӯз бурда мешавад. Дар ҳақиқат дар доираи ҳамон нақша баъзе корҳое ҳастанд, ки онҳо ба муҳлатҳои дигар гузаронида шуданд. Мо барои ин пешакӣ маблағгузории онҳоро накардем. Аммо дар сурати зарурат Ҳукумати Тоҷикистон омодааст, ки барои барқарорсозии корҳо маблағи иловагӣ ҷудо намояд. Аз рӯи иттилои С. Наҷмиддинов, дар соли сипаригардида дар доираи 110 млн. сомонӣ маблағгузорӣ нашуд. Ин маблағҳо дар депозитҳои вазорати мо ҷойгир шудаанд, гуфт вазир.

Январь 25, 2013 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад