10 иқдоми «Созандагони Ватан»

Январь 14, 2013 12:19

Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» барномаи «Даҳ иқдоми «Созандагони Ватан» бахшида ба 20- солагии Артиши миллӣ» тасдиқ гардид. Татбиқи ин барнома аз 1 феврал оғоз гардида, то охири моҳ идома меёбад ва он фарогири даҳ чорабинии сатҳи ҷумҳуриявию минтақавӣ буда, баргузории мулоқоти ҷавонон бо намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таърихи таъсиси Артиши миллӣ, ташкил ва баргузории озмуни ҳарбию ватандӯстии «Ҳомиёни Ватан», ташкили сайри ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ, омода намудани маводу мусоҳибаҳо бо собиқадорони соҳа, баргузории Фестивали мусиқии «Васфи Ватан», даъвати шанбегӣ барои тоза намудани оромгоҳи шаҳидоне, ки дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ҷон нисор кардаанд, аёдати оилаи онҳо ва дигар чорабиниҳоро дар назар гирифтааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов иттилоъ дод.

Январь 14, 2013 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст