Қадрдонии ҷоизадорони озмуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қадрдонии ғолибони озмуни барномаҳои беҳтарини радиоӣ ва телевизионӣ дар самти ватанпарастӣ ва мақолаи беҳтарин бахшида ба 20- солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сурат гирифт. Раиси Кумита Маликшо Неъматов зимни супоридани туҳфаҳо ба ғолибон аз ғамхориву таваҷҷӯҳи пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар ва бо шарофати истиқлолият паҳлуҳои мухталифи ҳаёти ин насли ҷомеа дар мадди назар қарор мегиранд. Маликшо Неъматов гуфт, ки дар маҷмуъ, ҷавонон дар инкишофи ҷомеа нақши бориз доранд ва пурарзиштарин иқдоми ҷавонони имрӯза саъю кӯшиши ҷиддӣ дар боби такомули ақлонӣ ва илмӣ бояд бошад, зеро эшон танҳо дар ин сурат метавонанд бо ташаббускории худ ҷиҳати пешрафти кишвар ва дар ин замина таҳкими истиқлолияти кишвар талош варзанд. Ёдовар мешавем, ки аз 30 мақолаи пешниҳодшуда ба озмуни «Мақолаи беҳтарин бахшида ба 20- солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ» муаллифи 4 мақолаи беҳтарин, аз 10 барномаи ба озмуни «Барномаҳои беҳтарини радиоӣ ва телевизионӣ марбут ба самти ватанпарастӣ» муаллифони 5 барнома ва ҳамчунин се нафар аз озмуни фароғатии “Авҷи Зуҳал”, ки тавассути шабакаи мустақими “Садои Душанбе” садо дод, ғолиб дониста шуданд. Гуфтанист, ки дар ин озмун хабарнигори АМИТ «Ховар» Дилшодаи Хайруллоҳ дар озмуни «Барномаи беҳтарини радиоӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифату худогоҳии ҷавонон» сазовори дипломи Кумита гардид. Ғолибони дигар низ бо диплому туҳфаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қадрдонӣ шуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






