Қадрдонии ҷоизадорони озмуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Январь 10, 2013 16:48

Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қадрдонии ғолибони озмуни барномаҳои беҳтарини радиоӣ ва телевизионӣ дар самти ватанпарастӣ ва мақолаи беҳтарин бахшида ба 20- солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сурат гирифт. Раиси Кумита Маликшо Неъматов зимни супоридани туҳфаҳо ба ғолибон аз ғамхориву таваҷҷӯҳи пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар ва бо шарофати истиқлолият паҳлуҳои мухталифи ҳаёти ин насли ҷомеа дар мадди назар қарор мегиранд. Маликшо Неъматов гуфт, ки дар маҷмуъ, ҷавонон дар инкишофи ҷомеа нақши бориз доранд ва пурарзиштарин иқдоми ҷавонони имрӯза саъю кӯшиши ҷиддӣ дар боби такомули ақлонӣ ва илмӣ бояд бошад, зеро эшон танҳо дар ин сурат метавонанд бо ташаббускории худ ҷиҳати пешрафти кишвар ва дар ин замина таҳкими истиқлолияти кишвар талош варзанд. Ёдовар мешавем, ки аз 30 мақолаи пешниҳодшуда ба озмуни «Мақолаи беҳтарин бахшида ба 20- солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ» муаллифи 4 мақолаи беҳтарин, аз 10 барномаи ба озмуни «Барномаҳои беҳтарини радиоӣ ва телевизионӣ марбут ба самти ватанпарастӣ» муаллифони 5 барнома ва ҳамчунин се нафар аз озмуни фароғатии “Авҷи Зуҳал”, ки тавассути шабакаи мустақими “Садои Душанбе” садо дод, ғолиб дониста шуданд. Гуфтанист, ки дар ин озмун хабарнигори АМИТ «Ховар» Дилшодаи Хайруллоҳ дар озмуни «Барномаи беҳтарини радиоӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифату худогоҳии ҷавонон» сазовори дипломи Кумита гардид. Ғолибони дигар низ бо диплому туҳфаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қадрдонӣ шуданд.

Январь 10, 2013 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад