Қонуни танзимро бояд риоя кард

Январь 14, 2013 17:44

Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо мақсади назорати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» кормандони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста аз ҷараёни баргузории маъракаҳои шаҳрвандон санҷишҳо мегузаронанд. Дар ибтидои соли равон аз ҷониби кормандони Раёсати номбурда 6 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардид. Аз ҷумла, вобаста ба чорабинии зодрӯз бо иштироки зиёди меҳмонон берун аз доираи оила, гузаронидани маъракаи арӯсбинон, ки онро Қонун дар доираи оила пешбинӣ намудааст, надоштани шартномаи хизматрасонӣ аз ҷониби сароянда, риоя нашудани меъёри истифодаи мошинҳо ҳангоми ақди никоҳ, тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда гузаронидани чорабиниҳои бузкашӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд. Бояд тазаккур дод, ки мутобиқи талаботи Қонуни мазкур дар арафаи идҳои расмӣ дар рӯзҳои истироҳат вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҷамъиятҳои варзишӣ вобаста ба имкониятҳои молиявии худ метавонанд дар мувофиқа бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми ваколатдори танзими анъана ва ҷашну маросимҳо маҳсуб меёбад, чорабиниҳои анъанавии варзишӣ — гӯштингирӣ, бузкашӣ, аспдавонӣ ва амсоли инҳоро ташкил намоянд. Дар чорабиниҳои мазкур барои пешгирии ҳолатҳои ногувор бояд намояндагони мақомоти дахлдор ширкат варзанд. Дар чунин чорабиниҳо ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла шуъбаи корҳои дохилӣ барои пешгирии осеб бардоштани иштирокчиёни чорабинӣ хадамоти тандурустӣ бояд ҳузур дошта бошанд.

Январь 14, 2013 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст