Ҳамҷми пулҳои нақдӣ- 3,7 млрд. сомонӣ
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот дар соли сипаригашта сиёсати мутавозуни пулию қарзиро пеш гирифта, барои истифодаи босамари фишангҳои монетарӣ кӯшиш ба харҷ дод. Тавре ки Раси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов зимни як нишасти матбуотӣ иброз дошт, бо мақсади муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот паст намудани фишорҳои таварруми фишангҳои монетарӣ, аз қабили меъёри бозтамвил, меъёри захираҳои ҳатмӣ, ҷудо намудани қарзҳои пардохтпазирӣ, амалиёт дар бозори озод ва асъор мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, зикр шуд, ки дар соли 2012 меъёри бозтамвил аз 9,8 фоиз то 6,5 фоизи солона паст гардид. Раиси БМТ афзуд, ки дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми пулҳои нақдие, ки дар муомилотанд, ба 3,7 млрд. сомонӣ расид ва аз он 25,8 млн. сомониро тангаҳои филизӣ ташкил медиҳанд. Ҳамчунин дар нишаст зикр гардид, ки дар ин давра 1,4 млрд. сомонӣ ба муомилот бароварда шуда, 572,4 млн. сомонӣ пулҳои қоғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






