Ҳамкории АУ ҶТ бо АУ Эстония ва Туркманистон
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Созишномаи ҳамкории байни Академияи улуми Тоҷикистон бо Академияҳои улуми Эстония ва Туркманистон дар бахши рушди фанҳои гуманитарӣ ва технологияҳо, ки соли 2012 ба имзо расид, дар соли фарорасида амалӣ мегардад. Дар ин бора 10 январ зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти соли 2012 ноиби Президенти Академияи улуми Тоҷикистон Кароматулло Олимов ба хабарнигорон иттилоъ дод. К.Олимов зикр кард, ки тайи марҳилаи ҳисоботӣ ҳаҷми маблағҳои ғайрибуҷавие, ки ба муассисаҳои Академияи улуми Тоҷикистон дар шакли грант ворид гардидаанд, 615 ҳазору 200 долларро ташкил дод. Дар марҳилаи ҳисоботӣ аз ҷониби олимони тоҷик зиёда аз 900 кори илмӣ, аз ҷумла 111 китобу монография ва 800 мақолаи илмӣ нашр гардид. Ба ғайр аз ин, 8 патент барои ихтироъ, аз ҷумла 2 патент аз Ҷумҳурии Украина дарёфт гардид. Дар соли 2012 ба аспирантураи АУ ҶТ 97 нафар дохил шуд. Дар Шӯрои ҳимояи корҳои илмӣ зиёда аз 70 кори илмӣ, аз ҷумла 8 кори докторӣ ва 63 рисолаи номзадӣ таҳия шуд, ки аз онҳо 1 кори докторӣ ва 11 рисолаи номзадӣ насиби Академияи улуми Тоҷикистон гардид.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






