Ҷаласаи гуруҳи кории байналмилалии АНМН

Январь 18, 2013 17:37

Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дирӯз дар доираи татбиқи Лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии нақшавии гуруҳи кории байналмилалӣ баргузор гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, дар кори ҷаласа директори Агентӣ, ҳамоҳангсозони барномавӣ- лоиҳавии Намояндагии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, кормандони масъули Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ҳамчунин роҳбарони хадамоти муҳими АНМН иштирок намуданд. Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои чорабиниҳои алоқаманд ба маблағгузории воҳидҳои Агентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо мақсади рушди самараноки фаъолияти Агентӣ қарор карда шуд, ки ба расонидани воситаҳои техникии махсус ва техникаи ташкилӣ идома дода шавад, ба таҳкими иқтидори лабораторияҳои ташхиси судӣ ва шуъбаи кинологӣ, харидани сагҳои асил барои омӯзиш додан ва зиёд кардани насли онҳо, ҳамчунин расонидани кӯмак барои такмили ихтисоси кормандони Агентӣ идома дода шавад. Ёдовар мешавем, ки яке аз вазифаҳои гуруҳи кории байналмилалӣ истифодаи мақсаднок ва пурсамари воситаҳои пулие мебошад, ки барои рушди Агентии назорати маводи нашъаовар Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва маблағгузорони лоиҳа ҷудо кардаанд.

Январь 18, 2013 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст