Ҷойҳои нави корӣ барои бонувон

Январь 7, 2013 14:15

Кӯлоб, 7 январ.(АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бинобар иттилои мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Саида Нурляминова тибқи қарори ҳукумати ҶТ дар бораи тасдиқи «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012 – 2015» дар шаҳри Кӯлоб аксари занон соҳиби ҷои кори доимӣ гаштаанд. Дар ин давра ба раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ 923 нафар зан- ҷӯяндаи кор муроҷиат кардааст, ки аз ин шумора 470 нафараш номнавис шуда, ба 170 нафар зан мақоми бекор дода шуда ва 13 нафар ба иҷрои корҳои муваққатӣ сафарбар шуданд. Инчунин 150 нафар зану ҷавондухтари бешуғл ба омӯзиши компютер, дӯзандагӣ, бофандагӣ ва зардӯзӣ сафарбар гардиданд. Гуфта мешавад, ки то ин муддат 273 нафар зан дар шаҳри Кӯлоб аз рӯи ихтисоси гуногун бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидааст.

Январь 7, 2013 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд