5 муассисаи нав барои маъюбон
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар соли 2012 аз ҷониби муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоии вазорат ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи некўаҳволии эҳтиёҷмандон ба 28 ҳазору 132 нафар аз рўи ҳамаи самтҳо хизмати иҷтимоии давлатӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2011- ум 20 фоиз зиёд мебошад,- гуфта шуд дар нишасти матбуотии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инчунин зикр гардид, ки дар давоми панҷ соли охир маблағгузории муассисаҳои иҷтимоӣ 2,8 маротиба афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, соли 2012 дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сарпарастон, соҳибкорон ва шахсони саховатманд ба муассисаҳои давлатии хона-интернатҳои пиронсолон ва маъюбон зиёда аз 1 млн. сомонӣ кўмаки хайриявӣ ворид гардидааст, ки барои беҳтар намудани шароити зисти бошандагони ин муассисаҳо истифода карда шуданд.Бояд гуфт, ки соли сипаришуда 5 муассисаи нави хизматрасонии иҷтимоӣ (филиали Муассисаи давлатии “Литсей — интернати касбии махсуси маъюбони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳияи Рўшони ВМКБ, Маркази тавонбахшӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, марказҳои будубоши рўзона дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва Маркази омўзишию таҷрибавии кормандони иҷтимоӣ дар ноҳияи Варзоб) ба фаъолият шуруъ намуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






