5 муассисаи нав барои маъюбон

Январь 19, 2013 12:26

Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар соли 2012 аз ҷониби муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоии вазорат ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи некўаҳволии эҳтиёҷмандон ба 28 ҳазору 132 нафар аз рўи ҳамаи самтҳо хизмати иҷтимоии давлатӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2011- ум 20 фоиз зиёд мебошад,- гуфта шуд дар нишасти матбуотии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инчунин зикр гардид, ки дар давоми панҷ соли охир маблағгузории муассисаҳои иҷтимоӣ 2,8 маротиба афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, соли 2012 дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сарпарастон, соҳибкорон ва шахсони саховатманд ба муассисаҳои давлатии хона-интернатҳои пиронсолон ва маъюбон зиёда аз 1 млн. сомонӣ кўмаки хайриявӣ ворид гардидааст, ки барои беҳтар намудани шароити зисти бошандагони ин муассисаҳо истифода карда шуданд.Бояд гуфт, ки соли сипаришуда 5 муассисаи нави хизматрасонии иҷтимоӣ (филиали Муассисаи давлатии “Литсей — интернати касбии махсуси маъюбони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳияи Рўшони ВМКБ, Маркази тавонбахшӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, марказҳои будубоши рўзона дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва Маркази омўзишию таҷрибавии кормандони иҷтимоӣ дар ноҳияи Варзоб) ба фаъолият шуруъ намуданд.

Январь 19, 2013 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид