Абдураҳим Холиқов: «Касеро барои намозгузорӣ ҷарима накардаем»
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Чанде қабл ҳафтаномаи «Нигоҳ» маводеро зери унвони «Ҷарима барои намоз» нашр кард ва дар он омадааст, ки гӯё аз ҷониби Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як тан сокини кишвар барои намозгузорӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда бошад. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов дар 21- соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон касе ҷиҳати намоз гузоштан ҷарима нашудааст. Ба қавли Холиқов макон ва тартиби намозгузорӣ аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст. «Дар қисми 3-юми моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» омадааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар баробари баргузор намудани ибодат, расму оин ва дигар маросимҳо дар иттиҳодияҳои динӣ, инчунин онро дар заминҳои мутааллиқи эшон, зиёратгоҳҳо ва хонаҳои шахсӣ барпо намоянд. Аммо мувофиқи моддаи 474-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷои тоату ибодат низ бояд моконе бошад, ки онро қонунгузорӣ муайян кардааст»- илова намуд номбурда. Ба иттилои сардори Раёсати Иттиҳодияҳои динии Кумита оид ба корҳои дин Солеҳҷон Завқиев он биное, ки шаҳрвандон дар он ибодат кардаанд, дар Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «масҷид» ба қайд гирифта нашудааст ва мувофиқи Қарори раиси шаҳри Душанбе аз 16-уми октябри соли 2006 таҳти рақами 526 он ҳамчун «ҷои ҷамъиятӣ» тасдиқ гардидааст. Ба гуфти номбурда «агар сокинони он маҳалла хоҳиши табдили ҷои ҷамъиятӣ ба масҷидро дошта бошанд, метавонанд ба Кумита муроҷиат намоянд» Бо вуҷуди ин, Эраҷ Амон – муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Нигоҳ» мегӯяд, он макон ҷои ибодати шаҳрвандон аст. Ба андешаи мавсуф далели «масҷид» будани он бино дар он аст, ки дар он меҳроб, китобҳои динӣ ва амсоли инҳо ҷой доранд. Бояд ёдовар шуд, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои вайрон намудани тартибот ҳанӯз аввалҳои моҳи ноябри соли 2012 аз ҷониби сарнозири минтақавии ШКД ноҳияи Сино оғоз гардида, барои баррасӣ ба суди ҳамин ноҳия ирсол шуда буд. Суди ноҳияи Сино баъди муҳокима бо назардошти тобеияти идоравӣ парвандаи мазкурро ҷиҳати чораҷӯӣ ба Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ супоридааст. Чун маводе, ки ҳафтаномаи дар боло зикршуда ба табъ расонидааст «Ҷарима барои намоз» унвон дорад, аз ин рӯ Абдураҳим Холиқов бо овардани далеле, ки «он макон на ҳамчун масҷид, балки ҳамчун ҷои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шудааст», мегӯяд, аслан ба забон овардани ибораи «ҷарима барои намоз» худ хатои маҳз аст. Холиқов мегӯяд «дар ягон қонунгузории кишвар шахсро барои адои намоз ҷарима накарданд ва намекунанд» Ба иттилои Раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов феълан дар кишвар 3938 иттиҳодия динӣ, аз ҷумла тақрибан 3850 масҷид амал мекунад.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






