Афзоиши боварӣ ба «Боварӣ»
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Баробари ба фаъолият оғоз намудани телефони боварии вазири корҳои дохилӣ, ки дар муддати як соли фаъолияти худ мушкилкушои бисёре аз шаҳрвандон гардид, ҳамзамон дар муддати кӯтоҳи таъсиси он даҳҳо ҷиноятҳои вазнин ошкор шуда, бисёр ҷиноятҳои дигар ба қайд гирифта шуданд. Аз оғози фаъолият аз ҷониби гуруҳи кормандони телефони «Боварӣ»-и вазири корҳои дохилӣ 648 муроҷиати шаҳрвандони кишвар қабул гардид, ки ҳамаи он бо супориши бевоситаи вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов аз ҷониби бахшҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилӣ мавриди тафтишу баррасии ҷиддӣ ва воқеъбинона қарор дода шуда, ба шаҳрвандон ҷавобҳои хаттӣ ва расмӣ ирсол гардид. Муроҷиати шаҳрвандон гуногунмазмун буда, дар баробари тақозои ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳуқуқии рӯзгорашон, онҳо инчунин аз фаъолияти ғайриқаноатбахши баъзе кормандони милитсия низ шикоят намуданд, ки ҳамаи он зери тафтиш ва санҷиши қатъӣ қарор дода шуд.Хотиррасон менамоем, ки телефони «Боварӣ»-и вазири корҳои дохилӣ ба таври шабонарўзӣ фаъолият намуда, ҳар нафар метавонад бе восита ба он занг зада, оид ба ҳама гуна қонуншиканӣ, бахусус ҷиноятҳои вазнин, аз қабили таҳрибкорӣ, ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва ё террористӣ, одамкушӣ, одамрабоӣ ва инчунин қонуншикании кормандони милитсия арзу шикояти худро пешниҳод намояд, ки он бевосита ба вазири корҳои дохилӣ пешниҳод гардида, нисбат ба ҳар як далел санҷиши воқеъбинона гузаронида шуда, қарорҳои қонунӣ қабул мешавад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






