Афзоиши музди меҳнат дар Шӯрообод
Кӯлоб, 29 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияи Шӯрообод нишасти матбуотӣ бо иштироки хабарнигорони ВАО баргузор гардид. Раиси ноҳия Амирхон Икромов гуфт, ки соли 2012 баҳри таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар ноҳия корҳои мушаххас мавриди амал қарор дода шуда, нисбат ба соли 2011 маҷмӯи истеҳсолоти дохилӣ 15 фоиз, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 12 фоиз, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,3 фоиз, ҳаҷми сармоягузориҳо аз ҳамаи манбаъҳо 17 фоиз, ҳаҷми савдои чакана 45 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 38 фоиз афзоиш ёфт. Ба гуфтаи манбаъ дар ин давра нақшаи буҷаи маҳаллӣ 126 фоиз ва пардохтҳои иҷтимоӣ 128 фоиз иҷро шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда мутаносибан 863 ҳазору 313 сомонӣ зиёд гардида, дар ин муддат музди меҳнати кормандони соҳаи буҷавӣ пурра пардохта шуда, бақяпулиҳои андози давлатӣ дар ноҳия нисбат ба аввали сол ба маблағи 116 ҳазору 734 сомонӣ кам шуданд. Дар ноҳия тӯли ин муддат музди миёнаи меҳнат то 378 сомонӣ афзоиш ёфт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 102, 7 сомонӣ зиёд мебошад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






