Анҷоми лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин

Январь 24, 2013 15:24

Душанбе, 24 январ . (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ) –Фаъолияти сесолаи лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин, ки ба бунёди асоси бозори ҳуқуқи истифодабарандагони замин равона гардидааст, ба анҷом расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Амрико дар Душанбе хабар доданд. Лоиҳаи USAID аз оғози фаъолияти худ ба таҳким ва ҳимояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони замин, рушди замина ва сохторҳои бозори ҳуқуқи истифодабарандагони замин бо роҳи пешниҳоди дастгирии техникӣ, барномаҳои омӯзишӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма равона шуда буд. Тавре ки сафири Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт гуфт: “Ислоҳоти замин қисми таркибии рушди бахши кишоварзӣ аст ва кафолати ҳуқуқҳои деҳқонон ҳам дар ин самт омили асосии рушди минбаъдаи ин соҳа мебошад».   Зимнан, дар давоми се соли фаъолияти лоиҳа беш аз 107 000 ҳазор нафар шаҳрванд бевосита аз кӯмаки он баҳраманд шуд. Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин дар Тоҷикистон яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакдиҳандаи USAID мебошад. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирии ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиард доллари ИМА ироа намудааст.

Январь 24, 2013 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст