Анҷоми ваколати масъули дафтари ХРО дар Тоҷикистон
Душанбе, 22 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар зарфи чанд соли охир ҳудуди 1400 лоиҳа бо ҷалби сармоягузорӣ аз сӯи Хазинаи рушди Оғохон дар Тоҷикистон амалӣ шудаанд, ки онҳо дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалиянд,-чунин зикр шуд дар ҷараёни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров –раиси Маҷлиси намояндагон бо Мунир Мералӣ- масъули дафтари Хазинаи рушди Оғохон дар Тоҷикистон. Шукурҷон Зуҳуров Мунир Мералиро бо анҷом ёфтани ваколаташ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфта, барои кӯмакҳо ва ҳамкориҳои судманди ин созмон бо кишвари мо аз номи парлумон арзи сипос намуд. Мавсуф аз муҳтавои ҳамкорӣ бо ин ниҳод, хусусан лоиҳаҳое, ки дар бахши маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, фарҳанг, энергетика, обрасонӣ, сохтмони пулҳои мошингард, ки ҷониби Бунёди Оғохон сармоягузорӣ шуда истодаанд, изҳори қаноатмандӣ намуд. Зикр шуд, ки бунёди пулҳои иртиботӣ, ки дар минтақаи Бадахшон сохта шудаанд ва мардумони ду кишвари ҳамҷавор- Тоҷикистону Афғонистонро бо ҳам мепайванданд, яке аз беҳтарин намунаҳои ҳамкории ин созмон бо Тоҷикистон аст. Қаблан чунин пулҳо дар ноҳияҳои Дарвозу Ишкошим ва минтақаи Хоруғ мавриди истифода қарор гирифтаанд.Инчунин бунёди бузургтарин маркази исмоилиён дарДушанбе, сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ аз фаъолияти густурдаи Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Мусоҳибон ҳамзамон доир ба шароиту зиндагонии исмоилиёни Тоҷикистон табодули назар карданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






