Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя

Январь 11, 2013 17:10

Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дирӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин мулоқоти ҳамоҳангсозии шахсони масъули вазоратҳо ва идораҳое, ки ба татбиқи «Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он дар солҳои 2011-2013» шомиланд, баргузор шуд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, мақсади асосии мулоқот ба маълумоти вазорату идораҳо расонидани натиҷаҳои татбиқи «Барномаи минтақавӣ барои солҳои 2011-2012» ва чорабиниҳои наве буд, ки дар соли 2013 ба нақша гирифта шудаанд. Дар ҷараёни мулоқот ширкаткунандагон асосҳо ва ҷанбаҳои ҳуқуқии барномаро баррасӣ намуданд. Ин вохӯрӣ имкон хоҳад дод, ки майдони ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои минбаъда миёни ҳамаи идораҳои дахлдор таъмин гардад, гуфт манбаъ. Бояд гуфт, ки мулоқот аз ҷониби «Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда шуд. Ёдовар мешавем, ки дар барномаи мазкур кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ширкат мекунанд.

Январь 11, 2013 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст