Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – «Масоили умумии обию зистмуҳитии Афғонистон ва Тоҷикистон»-чунин ном дошт семинаре, ки 28 январ дар шаҳри Душанбе доир шуд. Чорабинӣ бо ибтикори Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ташкил шуд. Дар кори семинар муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Султон Раҳимов, муовини директори масоили иқтисодии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Азизуллоҳ Умар, муовини роҳбари Бюрои САҲА дар Тоҷикистон Ҳанс-Питер Ларсен, ҳамчунин шахсони масъул ва мутахассисони пешбари вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ва коршиносон иштирок намуданд. Султон Раҳимов, муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар семинар гуфт: «Соли 2013 дар Тоҷикистон соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об эълон шудааст ва он барои таҳким ва рушди ҳамкориҳои фаромарзии обӣ бо давлатҳои наздисоҳилӣ ба мо имконияти хуб медиҳад. Дар ин замина барои Ҳукумати ҶТ барқарорсозӣ ва таҳкими ҳамкориҳои обӣ бо ҳамсояи наздик, дӯст ва бародари мо-Афғонистон хеле муҳим аст. Ба сифати асоси рушди ин гуна ҳамкорӣ, пеш аз ҳама таърих, дин, анъана, забон ва муносибатҳои куҳану дӯстонаи мо хизмат мекунанд. Тоҷикистон ва Афғонистон дар масъалаи об бо ҳам зич алоқаманданд ва ду кишвари болооб ба шумор рафта, қариб 90%-и оби Амударё аз ин кишварҳо сарчашма мегирад. Ҳамасола ин кишварҳо бо мушкилот рӯ ба рӯ мегарданд, ки миёни онҳо обхезиҳои зиёде, ки ба иқтисодиёт ва экологияи кишвар хисороти бениҳоят азим ворид месозанд, мавқеи махсус доранд. Мушкилоти обшавии пиряхҳо, лағзиши онҳо, бодлесии замин, камшавии ҷангалзор-ин номгӯи ками масъалаҳо ва мушкилотест, ки мо бояд онҳоро дар якҷоягӣ ҳал намоем. Конфронси имрӯза ба коршиносони мо имкон медиҳад, ки барои ҳалли мушкилоти обию зистмуҳитии минтақа тавсияҳои заруриро таҳия намоянд. Дар ин кор ба мо ташкилотҳои хориҷӣ, аз ҷумла САҲА кӯмак мерасонад. Ҳукумати ҶТ ҳамчун кишвари ташаббускор 20-21 август дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баландро оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи об мегузаронад, ки ба он шарикони афғонӣ низ барои баррасӣ ва ҳалли масоили обию зистмуҳитӣ даъват шудаанд». Доир ба натиҷаҳои семинар тавсияҳои муштарак оид ба ҳалли самараноки мушкилот дар идораи захираҳои обии ҳарду минтақа таҳия мешаванд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






