БМИМТ изофанависиҳоро ошкор кард

Январь 9, 2013 15:19

Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Дар татбиқи барнома баъзе камбудиҳо аз ҷониби ташкилотҳои пудратчӣ ва сохтмонӣ ошкор ва сари вақт ислоҳ гардиданд. Аз ҷумла, 58,8 ҳазор сомонӣ изофанависӣ сари вақт ошкор ва барқарор гардид», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 9 январ директори Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) Саидаҳмад Мирзоев.Вай афзуд, ки БМИМТ аз 1 сентябри соли 2009 то 31 декабри соли 2013 марҳилаи дуюми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ»-ро амалӣ мегардонад, ки он татбиқи 38 лоиҳаро дарбар мегирад. Маблағи умумии ин барнома 15,9 миллион доллари ИМА буда, 15,4 миллион доллари ИМА аз ҳисоби Ҳукумати Олмон, 300 ҳазор доллари ИМА аз ҳисоби Ҳукумати Тоҷикистон ва 200 ҳазор доллари боқимонда саҳми аҳолӣ мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар марҳилаи дуюми татбиқи барнома се гуруҳи мактабҳо – мактабҳое, ки дар вагонҳо ҷойгир шудаанд (2 мактаб), мактабҳое, ки дар хонаҳои шахсию биноҳои маъмурӣ ва ҷамъиятӣ ҷойгир шудаанд (6 мактаб) ва мактабҳое, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, бо биноҳои нави таълимӣ таъмин мегарданд. Ёдовар мешавем, ки марҳилаи дуюми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» пурра ба соҳаи морифи вилояти Хатлон равона шуда, 20 ноҳияи ин вилоятро фарогир аст.

Январь 9, 2013 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст