Бунёди терминали нав дар фурудгоҳи Душанбе
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» моҳи ноябри соли 2014 терминали навро мавриди истифода қарор медиҳанд. Дар ин бора 24 январ зимни нишасти матбуотӣ директори генералии фурудгоҳ Рустам Холиқов хабар дод.Назар ба қавли Р. Холиқов дар масъалаи бунёди терминали нави мусофиркашонӣ тағйироти сохторӣ ба амал омад. Дар моҳи апрели соли 2012 Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба бекор кардани шартномаи бунёди терминали нави мусофиркашонӣ миёни ширкатҳои «Sofema Alfa Airport» ва «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба имзо расид. Барои анҷоми муваффақонаи сохтмони ин иншоот бо пудратчии генералӣ- «VINCI»-и Фаронса шартномаи нав ба имзо расид. «Дар айни замон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ширкати мазкур оид ба масоили бунёди иншоот ва алоқа машваратҳо идома доранд. Корҳои бунёдӣ дар асоси нақшаи тасдиқшудаи корҳои сохтмонӣ, ки ба ҳукумати ҶТ пешниҳод шудаанд, амалӣ мешаванд», -афзуд Р. Холиқов.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






