Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Куштор дар Покистон Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар»).-Дар яке аз минтақаҳои кeҳистони вилояти Хайбари Покистон низомиёни нерўҳои амниятии ин мамлакат мавриди ҳамлаи силоҳбадастон қарор гирифтаанд. Тавре ки расонаҳои хабарии кишвар мегӯянд, дар ин ҳодиса 6 нафар низомии нерўҳои амниятӣ ба ҳалокат расида, 5 каси дигар захмҳои гуногун бардоштанд ва аз ҷониби гуруҳи фаврии Вазорати корҳои дохилӣ ба беморхонаи ҳарбии кишвар интиқол дода шуд. Кормандони соҳаи тибб вазъи саломатии ду нафар маҷруҳро вазнин арзёбӣ мекунанд. Намояндагони сохторҳои амниятии Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷинояткоронеро, ки дар ин амалиёти зишт даст доштанд, мавриди ҷустуҷў қарор додаанд.Задухўрд байни низомиёни Амрико ва Афғонистон Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар»).- Ба иттилои шабакаи «Ал-ҷазира»-и давлати Қатар ҳафтаи равон дар вилояти Фароҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон як гуруҳ хизматчиёни неруҳои амниятии Афғонистон ба сўйи низомиёни Амрико оташ кушоданд. Дар ҳодиса 2 кас ҳалок шуда, 4 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Дар байни халокшудагон низомиёни Италия низ будаанд. Намояндагони ҳаракати чудоихоҳи «Толибон» изҳор доштаанд, ки пас аз анҷоми тирпарронӣ 3 нафар аз низомиёни афғон, ки дар ин амал даст доштаанд, ба гуруҳи Толибон пайвастаанд. Дар давоми соли 2012 бар асари задухўрд ва муноқишаҳои байни низомиёни Амрико ва хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 45 нафар низомии Амрико ба ҳалокат расидааст. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






