Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Нофаҳмиҳо байни ширкати «Эппл» ва «Самсунг»-и Корея Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар»).- Ба иттилои шабакаи интернетии «Kayhannews.ir» соли 2012 арзиши саҳмияҳои ширкати техникии «Эппл»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 41,8 дарсад коҳиш ёфта буд. Коршиносони ин соҳа сабабҳои асосии ин ҳолатро ба кам гардидани талаботи мизоҷон ба телефонҳои ширкати мазкур арзёбӣ менамоянд. Гуфта мешавад, ки дар айни ҳол арзиши ҳар қоғази қимматноки ширкат 50 долларро ташкил менамояд.Хотиррасон менамоем, ки як сол қабл низ саҳмияҳои ширкати «Эппл» бо чунин арзиш ба фурўш бароварда мешуданд. Таҳлилгарони соҳаи техникӣ ҳамчунин иброз медоранд, ки нофаҳмиҳо дар байни ширкати «Эппл» ва коргоҳи техникии «Самсунг»-и Кореяи Ҷанубӣ ба паст гардидани арзиши саҳмияҳои «Эппл» таъсири манфии худро расонид. Таркиш дар Чин Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар»).- Дар кони канданиҳои фоиданоки минтақаи Силзилини Ҷумҳурии Мардумии Чин таркиш ба амал омад. Бар асари ин ҳодиса 9 нафар ба ҳалокат расида, 28 каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ду нақбкан дар рўйхати бенишонгаштагон қарор доранд. Сабабҳои асосии таркиш муайян мешаванд. Гуфта мешавад, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин соҳаи нақбканӣ яке аз хатарноктарин соҳаҳо ба ҳисоб меравад. Ҳар сол бар асари таркиш ва фурў рафтани нақбҳо коргарони зиёд ба ҳалокат расида, қисми дигар захм мебардоранд. Коршиносон сабабҳои асосии ин рўйдодро дар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ мебинанд.Гирдиҳамоӣ дар Туркия Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар»).- Ба иттилои шабакаи «Алҷазира»-и Қатар дар шаҳри Диёрбоқири Туркия садҳо нафар занон ҷамъ омада, гирдиҳамоӣ доир намуданд. Коршиносони масоили сиёсӣ мегӯянд, ки сабаби ташкили ин амали нангин дар он аст,ки ҳафтаи равон дар шаҳри Парижи Фаронса 3 нафар занони фаъоли ҳизби коргарии Курдистонро ба ҳалокат расонданд. То ҳол ҳукуматдорони Фаронса сабабҳои ба ҳалокат расондани фаъолони курднажодро маълум накардаанд. Эътирозгарон талаб намуданд, ки вобаста ба муайян кардани сабабҳои куштор ва боздошти ҷинояткорон тафтишоти махсус гузаронида шавад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






