Чаро содироти пахтаю алюминий кам шуд?
Душанбе, 30 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар сохтори содиротии кишвар вазъи қиёсии ду навъи маҳсулоти асосӣ — пахта ва алюминий, ки 70% -и ҳиссаи содироти давлатро ташкил медиҳанд, кам шудааст, мегӯяд Шариф Раҳимзода –вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ. Дар соли 2012 ҳиссаи пахта ва алюминий то 56% кам гардид. Он ҳам бошад аз ҳисоби зиёд шудани содироти молҳои нассоҷӣ. Аз ҷумла, содироти ришта аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 2, 1 маротиба афзоиш ёфта, содироти матои пахтагин 78,8 % зиёд шудааст. Шариф Раҳимзода афзуд, ки дар соли 2012 Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ 2 баробар зиёд пахта содир намудааст. Аммо бо сабаби поён рафтани нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ, асъори хориҷие, ки аз ҳисоби содироти зиёди пахта гирифта шудааст, аз он асъори хориҷие, ки соли гузашта ба даст омадааст, фарқи зиёд надорад, зеро нархи пахта ба ҳисоби миёна аз 2772 $ барои ҳар як тонна дар соли 2011 дар соли 2012 то 1559 $ коҳиш ёфт.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






