Дар Қӯлоб маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор гардид
Кӯлоб, 11 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Масъулини Раёсати сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб бо хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир карданд. Ба гуфти сардори раёсат Ҳикматулло Сафаров дар ин давра аз тарафи шуъбаи санҷиш ва назорати давлатии риояи талаботи стандартҳо ва сифати маҳсулот, инчунин барои риояи қонунҳои амалкунанда, стандартҳои давлатӣ ва ҷорӣ намудани онҳо фаъолияти 800 корхонаю ташкилот ва соҳибкорон мавриди санҷиш қарор гирифта, нисбат ба соли гузашта 158 адад зиёд мебошад. Дар ин давра шуъбаи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва хоҷагии қишлоқи раёсат 1781 ташхис гузаронид, ки дар натиҷа дар 171 ҳолат маҳсулоти санҷидашуда ғайристандартӣ дониста шуд. Инчунин дар ҷараёни санҷиш 234 кг маҳсулоти қаннодӣ, 400 кг макарон, 14 дал машрубот, 140 кг чой, 22 дал нӯшокиҳои спиртӣ, 24 тонна намак, 50 кг равғани пахта, 20 кг равғани растанӣ, 14 кг маҳсулоти ширӣ ғайристандартӣ дониста шуда, барои санҷиш ба мақомоти ҳифзи хуқуқ пешниҳод карда шуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






