Дарахтоне, ки монеа эҷод мекунанд, бурида мешаванд
Душанбе, 3 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар асоси санади Раёсати ҳифзи муҳити зисти пойтахт ва хулосаи комиссияи ҷамъиятӣ дарахтоне, ки ба ҷараёни корҳои навсозии кўчаи С.Айнӣ-хиёбони С.Шерозӣ (аз майдони С.Айнӣ то майдони Ғалаба) монеа пеш меоранд, бурида мешаванд. Дар робита ба ин бо мақсади истифодаи самараноки дарахтони буридашуда, шаҳрдории Душанбе қарори марбута ба тасвиб расонд, ки тибқи он дарахтони буридашуда ба мақомоти давлатии ноҳияи Шоҳмансур 150 м3, Раёсати маорифи пойтахт 130 м3 ва Раёсати тандурустии шаҳр 100 м3 тақсим карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки корҳои навсозии кўчаи С.Айнӣ-хиёбони Саъдии Шерозӣ то охири моҳи августи соли равон идома ёфта, фармоишгари он Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, навсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою купрӯкҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» аст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






