Дастгоҳи иҷроияи ҲХДТ кормандонашро месанҷад

Январь 30, 2013 17:51

Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ санҷиши кормандони масъули дастгоҳ ва ҳайати эҷодии нашрияи «Минбари халқ» доир шуд. Тавре ки роҳбари маркази таблиғот ва таҳлили ҳизб Адҳам Мирсаидов иттилоъ дод, санҷиши мазкур аз ҷониби комиссияи босалоҳият гузаронида шуда, ҳадаф аз он санҷидани саводнокии кормандон ва сафарбар намудани онҳо ба омӯзиши падидаҳои сиёсию иҷтимоӣ буда, баъди муваффақона супоридани он бо кормандони шартномаи меҳнатӣ аз нав ба имзо расид. Бояд тазаккур дод, ки дар айни ҳол Дастгоҳи иҷроияи ҲХДТ аз Маркази таблиғот ва таҳлилии шуъбаи ташкилӣ, шуъбаи кор бо занон, шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо созмонҳои ҷамъиятӣ, шуъбаи ҳуқуқ, шуъбаи иттилоот ва матбуот, шуъбаи умумӣ, бахши оморӣ ва бақайдгирӣ, шуъбаи молия, нашрияи «Минбари халқ» ва ҷиноҳи ҷавонони ҳизб «Созандагони Ватан» иборат буда, зиёда аз 40 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст.

Январь 30, 2013 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст