Дидбонгоҳҳои КҲФ фаъоланд

Январь 18, 2013 17:15

Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).-  «Тибқи «Нақшаи дурнамои кӯчонидани хоҷагиҳои шахсии ҶТ, ки дар давраи солҳои 2005-2010 таҳти таъсири равандҳои экзогенӣ қарор доранд» дар соли 2012 аз 300 хоҷагии ба нақша гирифташуда 221 хоҷагӣ аз мавзеи хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд», — зикр шуд имрӯз дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ. Зикр шуд, ки наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар соли 2012 342 амалиёти наҷотдиҳӣ ва кофтуковӣ гузарониданд. Ҳамчунин дар айни замон басти навбатдорони Маркази наҷотдиҳӣ ва гуруҳи наҷотдиҳандагони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар мавзеъҳои душворгузар ва дорои хатари тармафароии ағбаҳои Анзоб ва Шаҳристон дидбонгоҳҳо ташкил намуда, бахри кӯмак ба аҳолӣ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда адои хизмат менамоянд.

Январь 18, 2013 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст