Духтарон дар гирифтани маълумоти олӣ фаъоланд
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- Дар соли 2012 641 духтар аз навоҳии дурдасти ҷумҳурӣ тибқи Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи танзими қабули духтарон ба муассисаҳои таълимии олии ҶТ» ба мактабҳои олии кишвар қабул гардид. Дар айни замон тибқи квотаи президентӣ дар макотиби олии мамлакат 5373 донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 3035 нафарашон духтаронанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Сумангул Тағоева иттилоъ дод.С. Тағоева ҳамчунин зикр кард, ки бо мақсади дастгирии духтарони ятими маркази омӯзишии «Чароғи ҳидоят», ки дар он 55 духтари донишҷӯ зиндагонӣ мекунанд ва бо кӯмаки Бунёди мадади Сорос 40 духтари донишҷӯ ҳар моҳ бо идрорпулӣ дар ҳаҷми 69 доллар (баробар ба 240 сомонӣ) таъмин мегарданд. Ҳамзамон раиси Кумитаи кор бо занон ва оила гуфт, ки шумораи умумии донишҷӯён дар мактабҳои олии мамлакат 151 ҳазору 003 нафарро ташкил медиҳад ва 42 ҳазору 015 нафари он духтаронанд. Миёни 9951 муаллими макотиби олии кишвар 3484 нафарро занон ташкил намуда, 58 нафарашон доктори илм ва 573 нафарашон номзади илманд. С. Тағоева таъкид кард, ки новобаста ба тамоюли мусбат пайдо кардан, ҳанӯз ҳам духтарони ноҳияҳои дурдаст барои гирифтани маълумоти олӣ ба дастгирии давлатӣ эҳтиёҷ доранд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






