Фарзин-беҳтарин бонкдори сол

Январь 23, 2013 09:57

Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Директори филиали бонки «Эсхата» дар ноҳияи Ҷ. Расулов Фарзин Азимов бонкдори беҳтарини соли 2012 эътироф гардид. Ин зимни ҷамъомади кушоди фаъолони вилоят дар аввали моҳи январи соли 2013 муайян гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур хабар доданд, муовини Сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон ва раиси вилояти  Суғд Қоҳир Расулзода ба бонкдори беҳтарини сол Дипломи фахрӣ, ҷом ва мукофоти пулиро ҳадя намуданд. Ёдовар мешавем, ки ба муносибати 20-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии ҶТ дар вилоят озмуни «Мутахассиси беҳтарини сол» эълон гардида буд, ки дар он намояндагони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Суғд иштирок намуданд. Ғолибони озмунро аз рӯи шумораи sms-хабарҳои фиристодашуда ва варақаҳои махсуси пуркардашуда интихоб намуданд. Ф. Азимов иброз дошт, ки ба ҷуз ин нишондиҳандаҳои молиявии бонк, ба мисли сумкаи қарзӣ, гузаронидани маблағҳо, миқдори фоизи қарзҳо ва депозитҳо, инчунин соҳаи иҷтимоӣ ба назар гирифта шуданд. Соли 2013 Фарзин Азимов директори филиали бонки «Эсхата» дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд таъйин гардид.

Январь 23, 2013 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст