ХМК мушкили шуморо осон мекунад
Душанбе, 10 январ (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева) — Корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар давраи ҳисоботӣ баҳри омодагӣ ба мавсим чунин корҳоро иҷро намуданд: 25300 метри мураббаъ боми хонаҳои истиқоматӣ, 6862 метр қубурҳои оби нӯшиданӣ, 29,7 ҳазор метри мураббаъ роҳу роҳравҳо, 33,9 км хатҳои барқро таъмир карда, 690 адад дару тирезаро таъмир ва 2005 метри мураббаъ тиреза шишабандӣ шуда, 233 адад таҳхонаҳо аз об тоза ва таъмир бароварда шуданд. Ғайр аз ин корхонаҳои системаи обтаъминкунӣ таъмири ҷории 145 адад лӯлаҳои обкаш, 78 адад таҷҳизоти барқии муҳофизати заминӣ, 40 адад трансформаторро ба анҷом расонида, 100 км чоҳҳо ва хатҳои канализатсияро тоза карда, барои безараргардонии оби нӯшиданӣ 31 тонна хлор захира намуданд,- зикр шуд имрӯз зимни нишасти матбуотии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ».








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






