Хонаи истиқоматӣ — туҳфа ба афсарон
Душанбе, 2 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар арафаи Соли нави мелодии 2013 ва 20-солагии таъсиси Артиши миллӣ 44 нафар афсару прапоршики қисми низомии тобеи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гарнизон ва комиссариатҳои ҳарбии вилояти Суғд дар шаҳри Истиқлол соҳиби манзили истиқоматӣ гардиданд. Маросими ба истифода додани бино барои хизматчиёни ҳарбӣ бо иштироки раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзода ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев сурат гирифт. Шералӣ Хайруллоев хизматчиёни Қувваҳои мусаллаҳро, ки соҳиби туҳфаи арзанда шуданд, бо Соли наву хонаи нав таҳният гуфта, таъкид кард, ки ин бино бо дастури Президенти мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Вазорати мудофиа таъмиру навсозӣ шудааст.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Қоҳир Расулзода икдоми мазкурро нишонаи таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат арзёбӣ карда, афзуд, ки сол то сол Ҳукумати мамлакат барои беҳбуди шароити хизматӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои амалӣ меандешад, зеро артиш сипари боэътимоди давлат ва асоси оромиву осудагии мардум мебошад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






