Истихроҷи 2 тонна тилло дар Тоҷикистон

Январь 24, 2013 10:16

Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Аз ҷониби корхонаҳои истихроҷи тиллои кишвар дар соли 2012 2 тоннаю 400 кг тилло истихроҷ гардид. Муассисаи асосии истихроҷкунандаи тилло ҳамоно Корхонаи муштараки тоҷикистонию чиноии «Зарафшон» боқӣ мемонад, ки зарҷӯёни он имсол 1 тоннаю 511 кг тилло истихроҷ карданд ва ин нисбат ба соли 2011 182 кг зиёд аст. Дар ҷои дуюм Корхонаи муштараки тоҷикистонию канадагии «Апрелевка» қарор дорад, ки он 442 кг 61 грамм тилло истихроҷ намудааст, ки нисбат ба соли гузашта 3 килограмм зиёд аст. Ҳарду корхона дар вилояти Суғд ҷойгиранд.   Дар соли 2013 зарҷӯёни муассисаҳои Тоҷикистон нақша доранд, ки қариб 3 тонна тилло истихроҷ намоянд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ 23 январ вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ иттилоъ дод. Ҳаҷми умумии истихроҷи нуқра дар соли 2012 1 тоннаю 767 кг 92 граммро ташкил дод, ки нисбат ба соли сипаришуда 3 кг 96 зиёдтар аст. Дар нақша аст, ки имсол наздик ба 2 тонна нуқра истихроҷ гардад. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ вазири энергетика ва саноати ҶТ зикр кард, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2012 110,4%-ро ташкил дода, аз ҷониби тамоми муассисаҳои зерсохтори вазорат дар як сол ба андозаи 9 млрд. 797, 5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.

Январь 24, 2013 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст