Кумитаи андоз: «21 ҳазор андозсупоранда ба ҷавогарии маъмурӣ кашида шуд»

Январь 23, 2013 17:50

Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).-«Нақшаи тасдиқшудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ барои соли 2012 аз тарафи мақомоти андоз ба андозаи 105% таъмин гардида, ба ҷои 4 миллиарду 653 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷа 4 миллиарду 881 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 227,6 млн. сомонӣ зиёд аст». Дар ин бора Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатов иттилоъ дод. Ба иловаи номбурда, иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва андози иҷтимоии ғайрибуҷавӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон – 115%, вилояти Хатлон 102%, вилояти Суғд 103,5% ва шаҳри Душанбе 104,3% таъмин гардидааст. Мавсуф ҷорӣ намудани технологияи ҳозиразамони иттилоотиро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти андоз хонда, зикр намуд, ки миёни мақомоти андоз ва гумрук оид ба табодули маълумот ба тариқи электронӣ созишнома баста шудааст, ки ба наздикӣ амалӣ мешавад.  Тавре ки зикр гардид, дар соли 2012 зиёда аз 21 ҳазор андозсупоранда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз онҳо 28,5 млн. сомонӣ ҷарима ситонида шудааст ва аз ин ҳисоб ба буҷа 25 млн. сомонӣ ворид шудааст. Нусратулло Давлатов гуфт, чун соли гузашта Кодекси нави андоз дар таҳрири нав қабул гардид, аз ин рӯ аз ҷониби сохторҳои марбутаи кумита бо аҳолӣ корҳои тавзеҳотиву фаҳмондадиҳӣ тақвият дода шудаанд.

Январь 23, 2013 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст