М. Муродов: «Зарурат ба алифбои дигар нест»
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар»).- Дар мавриди шарҳи мухтасари банда оид ба истифодаи ҳарфҳои «у» ва «ӯ», ки рӯзи 28 январи соли 2013 бо хабарнигорон сурат гирифт, дар расонаҳои хабарӣ баъзе нофаҳмиҳо ба миён омадааст.Дар нишасти матбуотӣ ман ба саволи хабарнигор дар хусуси гузаштан ба алифбои форсӣ чунин посух дода будам: «Зеботарин ҷавобро оид ба ин масъала Сарвари давлат баён карда буданд». Яъне, имрӯз барои гузаштан ба ин ҳуруф ягон зарурат вуҷуд надорад. Қобили тазаккур аст, ки роҷеъ ба ин масъала хабарнигорон борҳо ба кумита муроҷиат карда буданд ва посух ҳам гирифтаанд, ки кумита имрӯз гузаштан ба алифбои ниёгонро зарур намешуморад. Мавқеи банда низ ҳамин аст. Он чи ки ман дар иртибот ба омӯзиши алифбои ниёгон дар суҳбат бо хабарнигор изҳор доштам, фикри шахсии ман буд. Манзурам ин буд, ки донистани хатти ниёгон ба баҳсҳо ва мушкилот дар мавриди имлои ҳарфи «ӯ» хотима мебахшад. Ҳамчунин шарҳи банда дар мавриди истифодаи ҳарфи «ӯ» ҳаргиз маънои онро надошт, ки имрӯз ин ҳарф аз алифбо хориҷ карда шавад. Шояд ҳангоми суханронӣ ман фикри худро чандон дақиқ ифода карда натавониста бошам, аммо гуфтаҳои ман ба он калимаҳое тааллуқ дошт, ки таърихан «у»-и кӯтоҳ доранду имрӯз бо «ӯ»-и дароз навишта мешаванд. Дар ин бора Маҳмад Муродов, мудири бахши экспертизаи забоншиносии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






