Мавсими Ҳаҷ – 2013 оғоз гардид

Январь 14, 2013 17:43

Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Ҳамасола барои беҳтар намудани сатҳу сифати ташкили ҳаҷ Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро меандешад, то ин ки барои ҳаҷравандагон шароити беҳтари хизматрасониҳоро тақдим намояд. Имсол ба хотири сипарӣ намудани мавсими Ҳаҷ-2013 Кумита тасмим гирифтааст,ки қабули ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагонро нисбат ба соли гузашта барвақттар ба роҳ монад, то ин ки зоирин фурсати бештаре дошта бошанд,ки барои ҷо ба ҷо намудани ҳуҷҷатҳои худ ва супоридани онҳо ба мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии шаҳру вилоятҳо сари вақт омодагӣ гиранд. Қабули ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон аз нимаи дуюми моҳи январи соли ҷорӣ оғоз гардида, то охири моҳи феврал идома меёбад ва на дертар аз 10 –уми моҳи март ҳуҷҷатҳои зоирин ба Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Бояд зикр намуд, ки ҳаҷравандагон тибқи навбат имконияти ба ҳаҷ рафтанро доранд ва нафарони ҳуҷҷатсупоранда дар сурати кофӣ набудани ҳиссаи шаҳр ва ё ноҳияи худ метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро барои солҳои оянда дар навбат гузоранд.

Январь 14, 2013 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст