Муаррифӣ: «Эмил ва ё дар бораи тарбият»

Январь 16, 2013 17:53

Душанбе, 16. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Тавре ки аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, 17 январи соли равон дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон муаррифии китоби маорифпарвари Фаронса Жан Жак Руссо «Эмил ва ё дар бораи тарбият» бо ширкати донишмандон ва олимони шинохта баргузор мегардад. Китоби мазкур аз ҷониби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, бо ташаббуси академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова ва профессор Сафар Сулаймонӣ ба табъ расидааст.  Жан Жак Руссо (1712-1778) яке аз бузургтарин мутафаккирони олами илми маърифат маҳсуб мешавад. Ақидаҳои ин марди бузург ҷаҳонбинии илмиро чунон таконе додаанд, ки осори он ҳанӯз боқист. Ҳар рӯз дар мактуботи ӯ матолиби ҷадиде кашф мешавад, ки пешбинии ӯро дар масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ собит мекунад. Шояд рӯзе бирасад, ки баъзе аз фарзияҳои вай, ки акнун печида ё ғалат ба назар мерасанд, равшан шавад ё таъйид гардад. Метавон гуфт, аз тамоми файласуфони қарни ҳаждаҳум Руссо ба мо наздиктар аст, яъне афкори ӯ бештар бо афкори мардуми қарни бисту якум ҳамоҳангӣ дорад. Китоби мазкур аз ҷониби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар чопхонаи «Контраст» ба табъ расидааст. Китоб барои муаллимон, муҳаққиқон ва онҳое, ки ба кори таълиму тарбият машғул мебошанд, дастовез ва армуғони хубест барои такмили «Барномаи миллии рушди таҳсилот».

Январь 16, 2013 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст